Деҳқонон бисер савол медиҳанд, ки ба 10 литр об чанд грамм заҳрхимикат лозим? Дар инструксияи ҳар як препарат дозировка ё меъёри сарфи заҳрхимикат барои як гектар пурра навишта шудааст. Аммо ба деҳқонон меъёри сарфи заҳрхимикат ба 10 литр об зарур. Ба ин савол ҷавоби аниқ нест. Дар барномаи “Ёвари деҳқон” қадам ба қадам роҳҳои муайян кардани меъёри сарфи заҳрхимикатро барои дорупошакҳои дастӣ нишон медиҳем.